Пайвандҳои дастрасӣ

Гирдиҳамоии тарафдорони Мурсӣ дар Қоҳира


Рӯзи шанбе ҳазорон исломгаро дар Қоҳира ба нишони ҳимоят аз раисиҷумҳури Миср Муҳаммад Мурсӣ ва тарҳи зиддунақизи Қонуни асосӣ гирди ҳам омаданд. Либералҳо ва масеҳиён ин тарҳи рӯзи ҷумъа аз сӯи маҷлиси таҳти назорати исломгароҳо тасвибшударо ҳомили хатари нақзи ҳуқуқи аслии мардум хонда, маҳкум мекунанд. Раҳпаймоии имрӯза аз сӯи Ихвонулмуслимин, ки Мурсӣ аз ҳамин гурӯҳи исломгаро бархостааст, дар псоух ба мавҷи эътирозҳои рӯзҳои ахир даъват шуд. Мухолифин, ки як теъдод аз тарафдорони онҳо шаби гузаштаро дар майдони Таҳрири Қоҳира рӯз карданд, зидди фармони ахири Мурсианд, ки ба ӯ салоҳиятҳоиизофӣ медиҳад. Интизор меравад, Мурсӣ тарҳи Қонуни асосиро то поёни ҳафта имзо кунад. Ба дунбол шояд дар миёнаи декабр барио тасвиби ин тарҳ назархоҳии саросарӣ ҳам барпо шавад. Мурсӣ гуфтааст, тасвиби Қонуни асосӣ салоҳиятҳои изофиро аз дӯши ӯ хоҳад бардошт.
XS
SM
MD
LG