Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се рӯз боз дар Сурия интернету мобил нест


Дар Сурия се рӯз боз шабакаҳои интернетиву телефонҳои мобил кор намекунанд. Ин дар пасманзари даъвоҳоест, ки мегӯянд, давлат талош дорад, иртиботот миёни фаъолон ва чирикиҳои мухолифро қатъ кунад. Мудири Дидбони ҳуқуқи башари Сурия Ромӣ Абдулраҳмон ба Франс Пресс гуфт, ин иқдом аз чирикиҳо дида, бештар ба мардуми мулкӣ зарба мезанад, ки аз имкони тамсоҳои изтирорӣ маҳрум шудаанд. Ӯ афзуд, фаъолони бе телефони моҳвораӣ маҷбуранд аз телефонҳои шаҳрӣ, ки аз сӯи давлат назорат мешаванд, истифода кунанд. Мақомот мегӯянд, иртиботот ба хотири анҷоми корҳои профилактикӣ қатъ шудаанд. Аммо Амрико гуфт, ин як гоми ҳадафмандона ба хотири маҳдуд кардани иртиботот миёни чирикиҳост, ки аз моҳи марти соли 2011 алайҳи режими Башор Асад меҷанганд.
XS
SM
MD
LG