Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

6 кишвари СНГ бозори воҳиди асъор хоҳанд сохт


Қарор аст, дар нишасти сарони кишварҳои ҳамсӯд(СНГ), ки 5 декабр дар Ишқобод доир хоҳад шуд, 6 кишвари пасошӯравӣ қарордоди бозори муштараки асъорро имзо кунанд. Сафири Русия дар Туркманистон Александр Блохин гуфтааст, ки ин қарордод имкони анҷоми озодонаи табодули асъор байни ин кишварҳоро фароҳам хоҳад овард. То имрӯз 6 кишвар – Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон – барои ширкат дар ин бозор изҳори омодагӣ кардаанд. Вале 5 узви дигари СНГ, аз ҷумла Украина, ҳанӯз аз ҳамроҳӣ дар ин паймони нав худдорӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG