Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Клинтон аз нақшаи шаҳраксозии Исроил


Амрико нақшаи Исроил барои сохтани ҳазорон манзили изофӣ барои яҳудиён дар шарқи Байтулмуқадддас ва каронаи бохтарии рӯди Урдунро “номуассир” хонда, маҳкум кард.Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон рӯзи ҷумъа дар Вошингтон дар маросиме, ки дар он вазирони хориҷа ва дифоъи Исроил Авигдор Либерман ва Эҳуд Барак ҳам ширкат доштанд, гуфт, ин иқдоми Исроил музокироти сулҳи Исроил бо фаластиниҳоро ақиб хоҳад андохт. Қаблан эълон шуд, ки Исроил мехоҳад дар шарқи Байтулмуқаддас ва каронаи бохтарӣ 3000 манзили дигар созад. Ин эълон дар пайи райъгирии ду рӯз пеши Маҷмаъи умумии СММ аст, ки Фаластинро ҳамчун кишвари нозири ғайриузв эътироф кард. Фаластиниҳо мехоҳанд давлати ояндаи онҳо сарзаминҳои каронаи бохтариро фаро гирифта, пойтахташ дар Байтулмуқаддаси шарқӣ сохта шавад.
XS
SM
MD
LG