Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо СПИД


1 декабр Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо СПИД аст. СММ мегӯяд, дар мубориза бо ин бемории қаттол се ҳадафи асосиро дунбол мекунад, ки бояд то соли 2015 иҷро шавад: 1) ба сифр расондани мавридҳои нави гирифторӣ ба ВИЧ- ангезандаи СПИд. 2) аз байн бурдани табъизи гирифторон ба ин беморӣ. 3) аз байн бурдани мавридҳои ҳалокат аз СПИД.
Бо ин ҳол, шумори гирифторон ба СПИД дар ҷаҳон дар ҳоли ҳозир 36 миллион нафар баровард шуда, ба ҳисоби СММ, соли гузашта аз ин беморӣ 1,7 миллион нафар фавтидаанд.
Дар Тоҷикистон фақат имсол 654 гирифтори нав ба ВИЧ сабт шуда, ҷамъи чунин беморон зери 5000 ва шумори фавтидагон аз ВИЧ ва СПИД то имрӯз 600 нафар гуфта мешавад.
XS
SM
MD
LG