Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонки ҷаҳонӣ барои рушди кишоварзӣ $46 миллион ҷудо кард


Шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ рӯзи ҷумъа дар мавриди дар ихтиёри Тоҷикистон гузоштани грант ба маблағи 45.9 миллион доллар тасмим гирифт. Қарор аст, ки аз тариқи ин грант 770 ҳазор сокинони дувоздаҳ ноҳияи вилояти Хатлон бо ҷойҳои кори муваққат таъмин гарданд ва низоми обёрии ин ноҳияҳо эҳё шавад. Як бахши маблағ барои рушди кишварзӣ пешбинӣ шудааст.

Сармояи нав ба думболи муваффақ поён ёфтани бахши аввали тарҳе ҷудо карда шуд, ки аз он 43 ҳазор хоҷагӣ ҳосили хуб дарёфт карданд ва ба обёрии заминҳояшон дастрасии беҳтар пайдо намуданд. Раиси дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Марша Оливе аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки ин тарҳ ноҳияҳои навро фаро мегирад, зеро амнияти озуқа барои некӯаҳолии ҳама – ҳам бузургсолону ҳам кӯдакон зарур аст.

Тавассути ин тарҳ тақрибан 22 ҳазор нафар бо кори мавсимӣ таъмин мешаванд. Эҳёи низоми обёрӣ имкон медиҳад, ки 190 ҳазор гектар замин обёрӣ шавад ва аз он 750 ҳазор сокинони деҳот манфиат бубинанд. Қарор аст, ки баъд аз татбиқи тарҳ ҳосилнокии замин даҳ дар сад боло равад.
XS
SM
MD
LG