Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Теҳрон аз МАГАТЭ ифшои асноди ҷосусони ғарбиро мехоҳад


Алӣ Асғар Султоние

Алӣ Асғар Султоние

Теҳрон аз Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ қатъи пажӯҳиши барномаи ҳастаии Эронро талаб кардааст.

Алӣ Асғар Султоние,сафири Эрон дар Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ, ё МАГАТЭ дар мулоқот бо раҳбарони Оҷонс дар Вена гуфт, ки Теҳрон аллакай ба ҳама нигарониҳо дар робита ба барномаи ҳастаияш посух додааст. Ба гуфтаи ин мансабдори эронӣ, таваҷҷӯҳи зиёди МАГАТЭ ба пажӯҳишҳои ҳастаии Эрон ба манфиати кишварҳои ғарбӣ, ба вижа, ИМА аст, ки Теҳронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунанд.

Ба гуфтаи коршиносон, ин изҳороти Султоние умедҳоро ба муваффақ анҷом ёфтани сафари ҳайати МАГАТЭ ба Эрон, ки қарор аст, рӯзи 13-уми декабр шурӯъ шавад, камтар мекунад.

Як дипломати ғарбии наздик ба Шӯрои мудирони МАГАТЭ, бидуни ифшои ному насабаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки эрониҳо ба ин мавзӯъ ҷиддӣ бархӯрд намекунанд ва худи ӯ ба комёб шудани музокирот дар Терон хушбин нест.

Рӯзи панҷшанбе Алӣ Асғар Султоние гуфт, ки агар МАГАТЭ талаби Эронро бипазирад, Теҳрон ба тафтиши муассисаҳои ҳастаияш аз сӯи нозирони таслиҳотӣ розӣ хоҳад шуд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, дипломати эронӣ ба раҳбарони МАГАТЭ дархости Теҳрон дар бораи ифшои аснодеро расонидааст, ки гӯё характери низомӣ доштани барномаи ҳастаии Эронро собит мекунанд. МАГАТЭ то ҳол аз ифшои далелҳое, ки хадамоти ҷосусии кишварҳои ғарбӣ дар ихтиёраш гузоштаанд, сарпечӣ кардааст. Султоние ба хабарнигорон дар Вена гуфт, "мушкили асосӣ дар он аст, ки тайи даҳ соли ахир Дабири кулли МАГАТЭ ба даъвати Ҷунбиши муттааҳид ва Эрон гӯш надодааст, ки агар кишвар муттаҳам мешавад, пас бояд дар ин бора санад пешниҳод шавад. Дабири кул бо изҳорот, ки бояд далелҳои зидди Эрон дар ихтиёри Теҳрон гузошта шаванд, то Эрон тавонанд аз худ дифоъ кунад, розӣ нашудааст".

Рӯзи панҷшанбе Юкио Амано, раиси МАГАТЭ, гуфт, ки ҳайати Оҷонс дар ҷараёни сафар ба Теҳрон мехоҳад ба суолҳои то ҳол беҷавоби худ дар робита ба барномаи ҳастаии Эрон посух бигиранд ва бори дигар иҷозаи дастрасии нозирони таслиҳотӣ ба муассисаи низомии Порчинро талаб кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG