Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки ҷаҳонӣ тавассути як гранти 46 миллион долларӣ ният дорад дар навоҳии Тоҷикистон ҳудуди 770 ҳазор ҷои кори нав муҳайё кунад.

Дар ин бора Шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ, рӯзи ҷумъа тасмим гирифтааст.

Қарор аст, ки аз тариқи ин грант 770 ҳазор сокинони дувоздаҳ ноҳияи вилояти Хатлон бо ҷойҳои кори муваққат таъмин гарданд ва низоми обёрии ин ноҳияҳо эҳё шавад. Як бахши маблағ барои рушди кишоварзӣ пешбинӣ шудааст.

Сармояи нав баъди комёб шудани бахши аввали тарҳе ҷудо карда шуд, ки аз он 43 ҳазор хоҷагӣ ҳосили хуб дарёфт карданд ва ба обёрии заминҳояшон дастрасии беҳтар пайдо намуданд.

Раиси дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, Марша Оливе аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки ин тарҳ ноҳияҳои навро фаро мегирад, зеро амнияти озуқа барои некӯаҳолии ҳама – ҳам бузургсолону ҳам кӯдакон зарур аст. Ӯ афзудааст, "тавассути бо кори муваққат таъмин кардани одамон мо ба хоҷагиҳои оилавӣ на фақат барои фоидаи иловагӣ кӯмак мекунем, балки дастрасии онҳоро бо обёрии заминҳои кишт таъмин мекунем ва дар натиҷа онҳо метавонанд солҳои оянда ҳам аз заминҳои худ ҳосили фаровон рӯёнанд."

Тавассути ин тарҳи Бонки ҷаҳонӣ, тақрибан 22 ҳазор нафар бо кори мавсимӣ таъмин мешаванд. Эҳёи системи обёрӣ имкон медиҳад, ки 190 ҳазор гектар замин бо об таъмин шавад ва аз он 750 ҳазор сокинони деҳот манфиат бубинанд.

Қарор аст, ки баъд аз татбиқи тарҳ ҳосилнокии заминҳои кишт даҳ дар сад боло равад.

Айни ҳол Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон 16 тарҳро бо маблағи тақрибан 275 миллион доллар татбиқ мекунад. 27 дар сади ин маблағ барои рушди кишоварзӣ, 24 дар сад дар бахши энержӣ ва маблағи боқимонда барои тарҳҳои марбут ба таъмин бо оби поку беҳдошт, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ сарф мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG