Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Амрико аз Тоҷикистон хост, масдудияти сомонаҳоро бардорад


Амрико масдудияти сомонаи Радиои Озодӣ ва Фейсбукро дар Тоҷикистон, нақзи ҳаққи мардум хонда, мақомдорони тоҷикро ба эҳтироми халқ даъват кардааст.

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон хостааст, маҳдудиятҳои эҷодшуда дар роҳи дастрасӣ ба шабакаи Фейсбук, ва сомонаи Озодӣ ҳар чӣ зудтар аз байн бурда шаванд.

Хадамоти алоқа аз бастани сомонаи Озодӣ изҳори бехабарӣ мекунад, вале ба гуфтаи манобеи огоҳ, чанде аз ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет бо дастури ҳамин ниҳод аз рӯзи панҷшанбе дастрасӣ ба торнамои Озодиро масдуд кардаанд.

Қаблан ҳам созмонҳои дохилию байналмилалии журналистӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз маҳдуд шудани дастрасӣ ба «Озодӣ» ва Фейсбук изҳори нигаронӣ намуда, ҳалли фаврии ин мушкилро талаб карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG