Пайвандҳои дастрасӣ

Кҳар ва Залмай Расул роҳҳои оштӣ дар Афғонистонро меҷӯянд


Вазири умури хориҷии Покистон Ҳино Кҳар ва ҳамтои афғонаш Залмай Расул дар Исломобод дар робита ба роҳҳои расидан ба мусолиҳаи миллӣ дар Афғонистон сари мизи музокирот нишастанд.

Вазорати умури хориҷии Покистон хабар дод, ки ҷонибҳо мавзӯи сулҳу амнияти минтақаиро баррасӣ карданд ва аммо аз тафсилоти бештар худдорӣ намуд.

Коршиносон мегӯянд, Залмай Расул шояд хостори раҳоии даҳҳо фармондеҳони афғони ҷунбиши Толибон аз маҳбасҳои Покистон шавад.Ду ҳафта пеш мақомоти Покистон бо хоҳиши Кобул ва “ба хотири мусоидат ба раванди сулҳ дар Афғонистон” 9 толиби зиндониро раҳо карданд.
XS
SM
MD
LG