Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бори андоз барои матбуоти тоҷик бештар мешавад


Созмонҳои журналистии Тоҷикистон аз муқаррароти Кодекси нави
андоз, ки бори бори андозро барои расонаҳо бештар мекунад, изҳори нигаронӣ намуданд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мутақили Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамаи созмонҳои журналиситии кишвар аз Кодекси нави андоз, ки бори андозро болои ВАО бештар мекунад, нигаронанад ва дар назар доранд, ки дар як номаи дастаҷамъӣ аз Кумитаи андоз дархост кунанд, то ба бандҳои Кодекс таҷдиди назар карда шавад

Мутобиқи Кодекси нави андози Тоҷикистон, ки аз моҳи январи соли 2013 мавриди иҷро қарор мегирад, нашрияҳо бар иловаи молиёти мавҷуда, ӯҳдадоранд, андозҳои иловагиро пардохт намоянд.

Ёқуби Саидзод, рӯзноманигори тоҷик, мегӯяд, ки бар иловаи андозҳои дигаре, ки идораҳои нашрияҳо мепардозанд боз андоз аз даромади иловагӣ ба вазъи иқтисодии рӯзномаҳо, маоши кормандон таъсири манфӣ мерасонад.

Ба қавли Ёқуби Саидзод масъулони ҳафтаномаҳо аз соли нав ба он тараф маҷбур мешаванд, ки барои муътадил нигоҳ доштани вазъи молии худ нархи рӯзномаҳоро боло баранд.

Зимнан дар ҳамоиши созмонҳои журналистӣ ва дабирони нашрияҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар мавриди Кодекси нави андоз, ки дар он пардохти андози иловагӣ ҳатмӣ зикр гардидааст, изҳори ташвиш карда шуд.

Завқибек Сиддиқов, намояндаи Кумитаи андоз, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ таъйид кард, ки дар Кодекси андози ҷории кишвар барои матбуот имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд, ки дар Кодекси нав аз 1-уми январи соли 2013 бардошта шудаанд.
XS
SM
MD
LG