Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти ду ҷавонзан бо иттиҳоми ғорати хазинадор


Масъулини вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд бо иттиҳоми ғорати хазинадори мактаби миёна дар ноҳияи Ҳисор ду ҷавонзанро дастггир кардаанд.

Тибқи иттилои ин вазорат, рӯзи 28-уми ноябри соли ҷорӣ, хазинадори мактаби миёнаи рақами 61-и ноҳияи Ҳисор, Тошпулотов Бобоназар, аз «Амонатбонк»-и ноҳия барои пардохти маоши кормандони мактаб 19 ҳазору 127 сомониро гирифта, дар роҳ тӯъмаи ғоратгарон шудааст.

Масъулини вазорати умури дохилӣ мегӯянд, дар бозори марказии ш.Ҳисор 2-нафар зан пулҳои дар дохили селофан будаи хазинадори 47-соларо ба зӯрӣ кашида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Пулиси ноҳия таъкид мекунад, ки айни ҳол ҳамчун гумонбар шаҳрвандон Каримова Шаҳноза Нуралиевна соли таваллудаш 1990, сокини деҳаи Чинори Сӯхта ва Исмоилова Ситора Абдукаримовна соли таваллудаш 1989, сокини кӯчаи Какановичи ноҳияи Ҳисорро дастгир кардаанд.

Масъулини умури дохилӣ мегӯянд аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
XS
SM
MD
LG