Пайвандҳои дастрасӣ

"Телеграмма" дар ҷашнвораи Ханой соҳиби ҷоиза шуд


Ҳунарнамоиҳо дар чаҳорчӯби ҷашнвораи синамои Ҳаной

Ҳунарнамоиҳо дар чаҳорчӯби ҷашнвораи синамои Ҳаной

Филми “Барқия” (“Телеграмма”)-и таҳиягари тоҷик Искандар Усмонов дар ҷашнвораи байнулмилалии синамо дар Ҳаной дар бахшия таҳигари беҳтарин соҳиби ҷоизаи дуюм шуд. Ин ҷашнвора аз 25 то 29 ноябр дар пойтахти Вйетнам идома кард.

Искандар Усмонов ба хабаргузории “Азия-плюс” гуфтааст, филмро дар Ҳаной ҳунарманд Алишер Солиев, ки нақши асосиро бозидааст, муаррифӣ кард.

Дар ҷашнвораи байнулмилалии синамои Ҳаной беш аз 200 филми ҳунарӣ, мустанад ва кӯтоҳметраж ба маърази намоиш гузошта шуд.

Филми “Барқия”, ба гуфтаи таҳиягар, дар бораи танҳоии инсон аст, зеро “аксар вақт ҳатто фарди дар зиндагӣ муваффақ дар ниҳоят мебинад, ки дар ин дунё тани танҳо мондааст”.

Ба гуфтаи Искандар Усмонов, “Барқия” барои ширкат ба дигар ҷашнвораҳои байнулмилалии синамо, аз ҷумла, ба ду ҷашнвора дар Ҳиндустон, даъват шудааст,
XS
SM
MD
LG