Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи рамзии Наполеон дар музояда гузошта мешавад


Наполеон Бонапарт
Наполеон Бонапарт
Як номаи кӯтоҳи рамзии Наполеон дар бораи вазъи ҷангӣ дар канори Маскав дар моҳи октябри соли 1812 рӯзи якшанбе дар музоядаи Фонтеблои Порис барои фурӯш гузошта мешавад.

Associated Press хабар медиҳад, ки зери нома имзои кӯтоҳи “Нап” мавҷуд аст ва дар он Наполеон дар бораи қасди тахриби Кремли Маскав хабар додааст. Дар номаи рамздори император бо рақамҳо навишта шудааст: “Соати сеи субҳи рӯзи 22-юм ман Кремлро метарконам”.

Баъд аз се рӯз, ки нома ба Порис расид, Маскав гирифтори сӯхтор буд ва сарбозони Наполеон бо талафоти зиёд ақибнишинӣ мекарданд.

Наполеон аз рақамҳо барои навиштани номаҳои комилан махфӣ истифода мебурд ва рамзи онҳоро пайваста тағйир медод.
XS
SM
MD
LG