Пайвандҳои дастрасӣ

Иброҳимӣ хостори вуруди нерӯҳои посдори сулҳ ба Сурия шуд


Дар Сурия шоҳроҳе, ки Димишқро бо фурудгоҳи байнулмилалӣ мепайвандад, баста шудааст – дар ин минтақа нерӯҳои ҳукуматӣ ҳамлаи густурда ба мавқеъҳои мухолифини мусаллаҳро шурӯъ карданд.

Дар пойтахти кишвар интернет ва робитаи телефони мобил кор намекунад. Фароҳамгарони давлатии интернет инро бо “мушкилоти фаннӣ” бастагӣ доданд.

Ба иттилои манбаъҳои мухолифин, дар шаҳри Ҳалаб, воқеъ дар шимоли Сурия, бар асари зарбаҳои ҳавопаймоҳои ҷангии ҳукуматӣ дасти кам 15 сокини осоишта ба ҳалокат расиданд.

Ахзар Иброҳимӣ, фиристода вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб дар умури Сурия, дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милал ба зарурати оташбаси фаврӣ ва вуруди нерӯҳои посдори сулҳ ба Сурия таъкид кард.
XS
SM
MD
LG