Пайвандҳои дастрасӣ

Беҳтаринҳои соли 2012-ум бо ҷоизаҳои Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) мукофотонида шуданд.

Маросими ботантанаи мукофотсупорӣ рӯзи 29-уми ноябр дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур баргузор шуд.
Ли Кён Хо, ҳамлагари бошгоҳи футболи "Улсан Ҳундай" ва дастаи мунтахаби футболи Кореяи Ҷанубӣ, беҳтарин бозигари қораи Осиё дар соли 2012-ум гардид. Вай аз рақибонаш барои ин унвон - Муҳаммад Алӣ Каримӣ (Эрон) ва Чжэн Чжи (Чин) пеш гузашт.

Синдзӣ Кагаваи ҷопонӣ, нимҳимоятгари бошгоҳи футболи «Манчестер Юнайтед»-и Инглистон ва дастаи мунтахаби Ҷопон, беҳтарин легионери осиёӣ дониста шуд. Вай барои ин ҷоиза ҳамватанаш, Юто Нагатомо, ҳимоятгари «Интер»-и Италия ва австралиягӣ Марк Швартсер, дарвозабони «Фулҳэм»-и Инглистонро қафо гузошт.

Конфедератсияи футболи Осиё, инчунин, беҳтаринҳоро аз рӯи дигар номинатсияҳо - “Беҳтарин бозигари ҷавон”, “Беҳтарин футболбоззан”, “Беҳтарин футболбоззани ҷавон”, “Беҳтарин довар”, “Беҳтарин довар-зан”, “Беҳтарин мураббӣ”, “Беҳтарин мунтахаби мардона”, “Беҳтарин дастаи сол”, “Беҳтарин бозигари футзал”, “Беҳтарин дастаи футзал”, “Беҳтарин созмони футбол” ва “Фейр-плей” бо ҷоизаҳо сарфароз гардонд.
XS
SM
MD
LG