Пайвандҳои дастрасӣ

Мурсӣ: Қонуни асосӣ боиси субот дар Миср мешавад


Маҷмааи конститутсионии Миср субҳи ҷумъа билохира таҳияи тарҳи нави Қонуни асосии кишварро анҷом дод. Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури Миср, умедвор аст, ки тарҳи Қонуни асосӣ барои рафъи бесуботии сиёсӣ дар кишвар мусоидат хоҳад кард.

Рӯзи 22 ноябр Мурсӣ эъломияеро имзо кард, ки бар пояи он фаъолияти низоми додгоҳӣ дар кишвар маҳдуд ва салоҳиятҳои раисиҷумҳур бештар мешаванд. Ин эъломия боиси эътирозҳои густурда дар Миср гардид.

Мунаққидони раисиҷумҳур мегӯянд, ки тарҳи Қонуни асосӣ саросемавор ва ба манфиати созмони “Ихвон-ул-муслимин” таҳия шудааст. Ҳамзамон муаллифони тарҳ аз манфиатҳои аққалиятҳои миллӣ ва бахши либералии ҷомеъа сарфи назар кардаанд.

Интизор меравад, ки тайи ду рӯзи наздик раисиҷумҳур зери тарҳи Қонуни асосӣ имзо мегузорад. Миёнаҳои моҳи декабр дар Миср референдум оид ба қабули Қонуни нави асосии кишвар баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG