Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кэтрин Эштон аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳимоят кард"


Масъулони "Ампаро" мегӯянд, ки Кэтрин Эштон на танҳо аз ин созмон, балки аз рушди ҷомеаи маданӣ дар Тоҷикистон пуштибонӣ намудааст.

Дилрабо Самадова, раҳбари созмони иҷтимоии «Ампаро» рӯзи ҷумъа дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, Кетрин Эштон, ҳамоҳангсози сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо на танҳо аз созмони «Ампаро», балки аз рушди ҷомеаи маданӣ дар Тоҷикистон ҳимоят кардааст.

Хонум Самадова дар вокуниш ба ҳимояти Кетрин Эштон зимни мулоқоти рӯзи панҷшанбеаш бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, «матраҳ шудани қазияи «Ампаро» дар ин сатҳ, яъне миёни намояндаи олирутбаи Иттиҳодияи Аврупо ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ин дастоварди ҳамаи созмонҳои иҷтимоии Тоҷикистон аст.»

Зеро ба таъкиди Дилрабо Самадова, Иттиҳодияи Аврупо аз ҷумлаи созмонҳое аст, ки хоҳони густариш ва рушди ҷомеаи маданӣ ва демократӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Ба ин далел раиси созмони иҷтимоии «Ампаро умедвор аст, ки пас аз ин сӯҳбат ниҳодҳои марбутаи давлатии Тоҷикистон нисбати на танҳо созмони онҳо, балки дигар созмонҳои иҷтимоӣ ҳамкориро дар авлавият қарор медиҳанд ва барои расидан ба як давлату ҷомеаи демократӣ камари, ҳиммат мебанданд.


Дилрабо Самадова
Дилрабо Самадова
​Хонум Самадова афзуд, «умедворам, ки ин гуфтугӯҳо бенатиҷа нахоҳанд монд. Мо шикояти кассатсионӣ бурдаем. Ва ҳоло ки қазия дар ин сатҳ матраҳ мешавад, умедворем, баҳсҳои додгоҳӣ ҳам ба таври мусбат ба нафъи созмони мо ҳал хоҳанд шуд».

Зимнан ба таъкиди Дилрабо Самадова, созмони онҳо дар канори дигар созмонҳои иҷтимоии Тоҷикистон ҳамкориҳои созандаеро аз тариқи иҷрои лоиҳаҳои муштарак дар чанд соли ахир бо Иттиҳодияи Аврупо ба роҳ мондааст. Ба гуфтаи Самадова, дар се соли ахир лоиҳае, ки аз сӯи Иттиҳодияи Аврупо сармоягузорӣ шудааст, ин «Ҳифзи ҳуқуқи инсон дар сафи Артиши Тоҷикистон» мебошад.

Дар таърихи 24-уми октябр, додгоҳи шаҳри Хуҷанд фаъолияти созмони ҳуқуқшиносони ҷавон "Ампаро"-ро мамнӯъ донист. Раёсати адлияи Суғд дар додгоҳ гуфт, созмони "Ампаро" дар панҷ маврид қонунҳои кишвар дар бораи созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳамчунин бандҳои Оинномаи фаъолияташро нақз кардааст.

Ба қавли ҷониби даъвогар, аз ҷумла созмони "Ампаро" суроғаи ҳуқуқии худро тағйир дода, мақомоти Вазорати адлияро огоҳ нанамудааст. Илова бар ин, ба гуфтаи ҷониби даъвогар, ин созмон аз минтақаи фаъолияти худ берун рафта, бо мактабхонҳо бидуни иҷозатнома мулоқот доир кардаанд ва ҳамчунин саҳифаи интернетӣ фаъол намуда, дар бораи фаъолияти "Ампаро" мақолаҳо ба табъ расондаанд.

Созмони “Ампаро” ин тасмими додгоҳро “иштибоҳи ҷиддӣ” номида аз болои ҳукми додгоҳ ба додгоҳи вилоятии Суғд шикоят бурд.
XS
SM
MD
LG