Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қурбон Одинаев, раҳбари «Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе» бо ирсоли нома ба суроғаи Радиои Озодӣ, матлаби «Боғи ҳайвонот: Боз кадом ҷонвар «сактаи дил» мешавад?»-ро шӯрангез ва беасос хондааст.

Вай навиштааст, таърихи 26-уми ноябри соли ҷорӣ дар вебсайти радиои «Озодӣ» мақолаи Абдулло Ашӯров, «Боғи ҳайвонот: Боз кадом ҷонвар «сактаи дил» мешавад?» ба нашр расид, ки баъди мутолиаи ин маводи шӯрангез ман ҳайрон шудам.

Он суханоне, ки зимни мусоҳиба бо рӯзноманигор қайд карда будам, дар ин мавод аслан зикр нагардидааст. Ҳол он, ки ин мусоҳиба дар дастгоҳи сабткунии рӯзноманигори номбурда сабт гардида буд. Аввал ин, ки ман то имрӯз вазифаи сарварии муассисаи давлатии «Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе»-ро ба дӯш дорам ва то ҷамъбасти озмуни шаҳрдори Душанбе дар бобати ишғоли вазифаи директори муассисаи давлатии «Боғи ҳайвонот», софдилона ин масъулиятро иҷро менамоям. Аммо дар мавод омадааст:(айнан оварда шудааст) «Қурбон Одинаев, иҷрокунандаи муваққатии вазифаи мудири Зоопарк». Худ, қазоват намоед ки чӣ хатои маҳз аз ҷониби масъулини радиои «Озодӣ» роҳ дода шудааст. Ҳамчунин дар оғози мавод рӯзноманигор овардааст,ки гуё бо як нафар меҳмони Боғи ҳайвонот ҳамсӯҳбат гардидааст. Вале чаро ному насаби меҳмон дар мавод қайд нагардидааст. Ҳол он, ки тамоми рӯзноманигорони дунё бо факту далел мавод омода месозанд. Чаро, ки рӯзноманигор боз нашр кардааст, ки «як корманди ин ниҳод, ки нахост номаш зикр шавад». Охир мо дар давлати дунявӣ, демократӣ зиндагӣ дорем ва чунин пинҳонкорона навиштан аслан ба журналистика марбут нест. Чаро худи рӯзноманигор, ҳангоми омода намудани мавод аз вазъи дохилии шӯъбаҳои муассисаи давлатии «Боғи ҳайвонот» дидан карду дар маводаш дар ин хусус сухане наовардааст. Таҳлили журналистӣ нест. Ҳамчунин дар рафти омода кардани матлаб, хабарнигор бо меҳмони хориҷие ҳамсуҳбат шуд, ки дар диктафон (дастгоҳи сабткунӣ) сабт гардидааст ва ин нафар ақидаҳои худро бобати сайри боғ баён намуда буд. Аммо дар мавод омадааст, ки дар берун бо нафаре ҳамсӯҳбат гардидааст. Ҳангоме, ки Абдулло Ашӯров ба назди мо омад, изҳор дошт, ки ҳадафи маводро омода сохтанаш ин мавзӯи зимистонгузаронист, аммо ин маводе, ки дар вебсайти радиои «Озодӣ» нашр гардид, тамоман ба мақсад наздикие надошт. Мақсад аз навиштани маводи дуруғангез чӣ буд? Пур сохтани вебсайт аз маводи ба қавли мардум «сенсатсионӣ» ва ё ки ғаразе?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG