Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазири хориҷаи Афғонистон аз Покистон боздид мекунад


Залмай Расул

Залмай Расул

Имрӯз Залмай Расул-вазири корҳои хориҷаи Афғонистон аз Покистон боздид ва бо мақомоти раҳбарии ин кишвар музокира мекунад. Интизор меравад, ки дар ин музокирот аслан масъалаҳои марбут ба раванди мусолиҳа дар Афғонистони ҷангзада баррасӣ шавад.

Сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон гуфт, Залмай Расул аз мақомоти расмии Покистон хоҳад хост, ки шумораи бештари Толибони боздоштшударо аз зиндонҳо раҳо кунанд.

Ду ҳафта пеш Покистон 9 нафар фармондеҳони зинаҳои миёна ва болоии Толибонро раҳо кард, то миёни Кобулу Толибони тундрав боварӣ пайдо шавад.

Дар миёни Толибони боломақом, ки дар Покистон зиндонӣ шудаанд, Мулло Абдулғанӣ Бародар низ ҳаст. Вай соли 2010 дар шаҳри Карочии Покистон боздошт шуда буд.

Дар дастури рӯзи мулоқоти Залмай Расул ҳамчунин баррасии қарордоди тиҷорати транзитии миёни Афғонистону Покистон низ ҳаст.
XS
SM
MD
LG