Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як фармондеҳи машҳури Толибон дар Покистон маҷруҳ шуд


Бино ба гузоришҳои расида, Мулло Муҳаммад Назир-фармондеҳи маъруфи Толибон дар як бамгузории интиҳорӣ дар шимоли ғарби Покистон маҷруҳ шудааст.

Мақомоти амниятӣ мегӯянд, ин ҳамла рӯзи панҷшанбе дар Вано шаҳраки аслии Вазиристони Ҷанубӣ дар наздикии марз бо Афғонистон рух додааст.

Як мақоми амниятӣ ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин бамгузорӣ 6 нафари дигар кушта, бештар аз 10 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

То ҳол маълум нест, ки ин ҳамларо чӣ касоне анҷом додаанд. Мулло Муҳаммад Назир аз фармондеҳони Толибони ҷонибдори ҳукумати Покистон мебошад.
XS
SM
MD
LG