Пайвандҳои дастрасӣ

Фаластин тақрибан ба давлати мустақил табдил ёфт


Хушҳолии Маҳмуд Аббос ва ҳайати Фаластин баъд аз райдиҳӣ дар МУ СММ

Хушҳолии Маҳмуд Аббос ва ҳайати Фаластин баъд аз райдиҳӣ дар МУ СММ

Маҷмаи Умумии СММ ба ҷонибдорӣ аз қатъномае дар бораи мақоми ҳуқуқии Фалстин дар ин созмони муҳими байналмиллалӣ рай дод.

138 кишвар аз ин қатънома ҷонибдорӣ карданд. 9 кишвар райи мухолиф доданд ва 41 кишвар аз райдиҳӣ худдорӣ карданд.

Қабл аз оғози райдиҳӣ Маҳмуд Аббос-раиси ташкилоти худгардони Фаластин аз СММ хост, ки “санади таваллуд ё ташкили Фаластин”-ро мунташир созад.

Рон Просор-намояндаи Исроил дар СММ бори дигар таъкид кард, ки давлати яҳудиҳо хостори сулҳ бо Фаластин аст, вале ин қатънома раванди сулҳро ба ақиб мекашад.

Баъд аз хатми райдиҳӣ хонум Сусан Райс-намояндаи Амрико дар СММ натиҷаҳои райдиҳиро “таассуфовар ва зиддунақиз” арзёбӣ кард ва афзуд, ин қатънома мушкилоти дигареро дар раванди таъмини сулҳ пеш меорад.

Акнун тибқи ин қатънома Фаластин дар СММ ба истилоҳ аз кишвари “нозир” ба кишвари “ғайри узв” табдил ёфт. Ин мақом имкон медиҳад, ки Фаластин ба узвияти ожонсиҳои СММ дарояд ва Додгоҳи байналмиллаии ҷурму ҷиноёт аз ҷумлаи онҳо ба шумор меравад. Акнун Фаластин метавонад бар зидди Исроил ба ин додгоҳ шикоят барад.
XS
SM
MD
LG