Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон тарҳи 14 ниругоҳ дар рӯдхонаи Панҷро омода кардааст


Тоҷикистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод кардааст, ки дар рӯдхонаи марзии Панҷ дар имтидоди марз бо Афғонистон 14 ниругоҳи барқи обӣ сохта шавад, ки дар маҷмуъ тавоноии ҳамаи онҳо 9350 мегаватро ташкил медиҳад.

Дар ин бора дирӯз вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон эъломияе пахш кард.
Дар ин эъломия Тоҷикистон кишварҳои поёноби минтақаро маломат кардааст, ки дар сохтмони чунин ниругоҳҳо дар рӯдхонаҳои Сир ва Ому мамониат эҷод мекунанд.

Вазорат дар эъломияи худ гуфтааст, тарҳи сохтмони 14 ниругоҳ дар рӯдхонаи Панҷ омода аст. Тибқи ин тарҳҳо, хурдтарин ниругоҳ 300 мегават ва бузургтарини он 4 ҳазор мегават дар соат нируи барқ тавлид мекунад.

Ба ин эъломияи Тоҷикистон то ҳол созмонҳои молии ҷаҳонӣ ё кишварҳои поёноби минтақа вокуниш нишон надодаанд.
XS
SM
MD
LG