Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буши калонӣ дар бемористон бистарӣ шудааст


Ҷорҷ Буши калонӣ
Ҷорҷ Буши калонӣ
Дар Амрико Ҷорҷ Буши калонӣ-раиси ҷумҳури пешини ин кишвар дар бемористон бистарӣ шудааст. Буш, ки 88 сол дорад, ҳафтаи гузашта дар бемористоне дар Ҳюстон воқеъ дар аёлати Тегзас зери муолиҷа қарор гирифт, вале ин хабар танҳо рӯзи панҷшанбе нашр шуд.

Бино ба навиштаи рӯзномаи маҳаллӣ бо номи Houston Chronicle, вазъи саломати раиси ҷумҳури пешин қонеъкунанда аст ва хатаре ба ҳаёташ таҳдид намекунад.

Рӯзнома навиштааст, Буш гирифтори бемории бронхит аст ва барои он бистарӣ шудааст, ки бемориаш шадидтар нашавад.
XS
SM
MD
LG