Пайвандҳои дастрасӣ

Режими Сурия хадамоти интернетиро қатъ кард


Ду ширкати амрикоии нозир бар интернет мегӯянд, ки ҳукумати Сурия дар саросари ин кишвар дастрасӣ ба хадамоти интернетиро қатъ кардааст. Ин пешомади бесобиқа баъд аз даргириҳои шадид дар атрофи фурудгоҳи Димишқ-пойтахти Сурия мушоҳида шудааст.

Renesys ширкати амниятии шабакаҳои интернетии Амрико, ки қатъи хадамоти интернетиро таҳқиқ мекунад, мегӯяд, ки Сурия тақрибан нимарӯзи дастрасӣ ба интернетро қатъ намудааст.

Ширкати дигари амрикоӣ бо номи Akamai Technologies, ки машғули тақсими муҳтавои интернетист, таъйид кардааст, ки интернет дар Сурия комилан қатъ шудааст.

Сокинони худи Сурия мегӯянд, ки телефонҳои ҳамроҳ ва симӣ низ гаҳ-гоҳе қатъ мешаванд.

Дар давоми 20 моҳи ахир аз замони оғози тазоҳуроти эътирозӣ бар зидди Башор Асад-раиси ҷумҳур ин бадтарин вазъ дар низоми мухобиротии Сурия арзёбӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол ширкатҳои ҳавоии Миср ва Дубай эълон кардаанд, ки парвозҳои худро ба Димишқ бекор кардаанд.
XS
SM
MD
LG