Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наҷотбахшон пораҳои чархболи ғаӣбзадаро пайдо намуданд


Шоми имрӯз наҷотбахшони қазоқ ҷасадҳои шаш нафари бар асари суқути чархбол ба ҳалокатрасидаро ошкор карданд. Аз ин пеш хабар дода мешуд, ки ҷасади ду нафар берун кашида шудааст. Корҳои наҷотбахшӣ идома доранд.

Пораҳои чархболои Ми-8 бо ҳашт халабону мусофир, ки рӯзи 24 ноябр ғайб зада буд, рӯзи панҷшанбе дар 90-95 километрии шаҳри Ушарали вилояти Алмаато пайдо карда шуданд. Ба гуфтаи наҷотбахшон, ҳангоми суқут чархбол чанд пора шудааст. Аз ин пеш вазорати ҳолатҳои изтирории Қазоқистон хабар дода буд, ки ҳама халабону мусофирони чархбол ба ҳалокат расидаанд.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Тафтиши сабабҳои суқути чархбол идома дорад.
XS
SM
MD
LG