Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давлат Назрӣ раиси Шӯрои котибони матбуотӣ шуд


Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, раиси Шӯрои котибони матбуотии вазоратхона ва ниҳодҳои давлатии кишвар интихоб шудааст. Ӯ рӯзи панҷшанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, 28-уми ноябр ҷаласаи котибони матбуотии вазоратхонаҳо ва ниҳодҳои ҳукуматӣ баргузор гардид, ки дар он Оинномаи Шӯро қабул карда шуд.

Ҳадафи аслии Шӯрои матбуотӣ фаъол кардани ҳамкории сухангӯҳои идораҳои ҳукуматӣ бо васоити ахбори омма мебошад. Ба қавли Давлат Назрӣ, дар доираи оинномаи ин Шӯро фаъолияти дафтарҳои матбуотӣ босамартар карда шуда, Шӯро имконият медиҳад, котибони матбуотӣ бо таҷрибаомӯзӣ дар бахши васоити ахбор ҳузури худро муассиртар кунанд.

Зимнан, созмонҳои журналистии Тоҷикистон борҳо аз камфаъол будани дафтарҳои матбуотӣ ва сухангӯҳои ниҳодҳои давлатӣ шикоят кардаанд.
XS
SM
MD
LG