Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҳамлае дар Вана Мулло Муҳаммад Назир маҷрӯҳ шуд


Ҳамлаи маргталабона дар шаҳри Вана, воқеъ дар минтақаи Вазиристони ҷанубии Покистон, се кушта ва 13 захмӣ бар ҷой гузошт. Хабарнигори Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ, аз ҷойи ҳодиса иттилоъ дод, ки табибон вазъи ҳафт тан аз маҷрӯҳонро вазнин арзёбӣ мекунанд ва шояд теъдоди қурбониён афзоиш ёбад.

Дар ин ҳамла фармондеҳи аршади “Толибон” Мулло Муҳаммад Назир ҳам ҷароҳат бардоштааст. Мулло Назир аз фармондеҳоне маҳсуб мешавад, ки бо ҳукумати Покистон ихтилофи ҷиддӣ надорад. Мусаллаҳони ӯ солҳои 2007-2008 бо ҷангиёни Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон вориди даргирӣ шуда онҳоро барои тарки Вана маҷбур сохта буданд.
XS
SM
MD
LG