Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА хостори мавқуфгузории раъйдиҳӣ дар СММ шуд


ИМА аз раисиҷумҳури Фаластин Маҳмуд Аббос даъват кард, ки раъйдиҳии имрӯза дар Маҷмааи кулли СММ оиди то нозир боло бурдани мақоми Фаластин дар Созмони Милалро мавқуф гузорад.

Ба иттилои вазорати умури хориҷии Амрико, ду дипломати воломақоми кишвар дар мулоқот бо Маҳмуд Аббос дар Ню-Йорк талош карданд, ки мавқеи Вошингтонро шарҳ диҳанд. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, дар навбати худ, изҳор намуд, ки ягона роҳи ҳалли мусолиматомези бӯҳрони Ховари Миёна – музокироти мустақим миёни Исроил ва Фаластин аст.

ИМА, Исроил, Олмон, Бритониё мухолифи боло бурдани мақоми Фаластмин дар Созмони Милаланд.Аммо қарор аст, ки аз талошҳои Фаластин дигар кишварҳои узви СММ, аз ҷумла, Чин, Русия, Фаронса, Испания, Австрия, Туркия пуштибонӣ кунанд.

Мақомоти Идораи худгардони Фаластин дарёфти мақоми нозир дар СММ-ро гоми навбатӣ дар роҳи истиқлолият мехонанд.
XS
SM
MD
LG