Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Тоҷиккино" ҳазорҳо наворҳои бесифатро маҳв кард


Ширкати "Тоҷиккино" беш аз 70 ҳазор наворҳои видеоии CD ва DVD ҳои филмҳои даҳшатафзоро аз нуктаҳои касетафурушии пойтахт мусодира ва маҳв кардааст.

Дафтари матуботи Тоҷиккино рӯзи 29 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки гурӯҳи кории ин муасиса таи як ҳафтаи ахир тамоми нуқтаҳои фурӯши наворҳоро мавриди тафтиш қарор дод.Ба хотири таъсири манфӣ гузоштан ба равони мардум, бахусус ба насли ҷавон ва хурдсол, тасмим гирифта шуд, ки ин филмҳо аз нуқтаҳои фурӯш бардошта шаванд.

Ба иттилои Дафтари матбуоти "Тоҷиккино", наворҳои мусодирагашта аз нигоҳи сифат низ хароб буда, то се ва чаҳор маротиба бозсабт шудаанд Ҳоло ин муассиса мехоҳад, ки дискҳои тӯйҳо, CD ва DVD ҳои овозхонҳои ғайриҳирфаӣ ва худсарро низ аз нуқтаҳои фуруш баргиранд.

Ширкати "Тоҷиккино" масъули сифат ва мӯҳтавои пахши филмҳо ва сабту навоҳо дар бозори Тоҷикистон буда, ҳамвора бозорро аз маводи бесифат пок мекунад.
XS
SM
MD
LG