Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Полиси Ироқ хабар дод, ки бар асари таркиши ду бомби канори роҳ дар шаҳри Ҳилла, воқеъ дар ҷануби кишвар, дасти кам 16 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо каси дигар захмӣ шуданд.

Ҳамла дар ҷараёни моҳи муҳаррам, ки мардуми шиамазҳаб дар Ошуро ба ёди имом Ҳусейн мотам мегиранд, ба вуқӯъ пайваст.

Масъулияти ҳамларо касе ё гурӯҳе бар ӯҳда нагирифтааст ва аммо мақомоти Ироқ ангушти иттиҳом сӯи созмони “Ал-Қоида” кардаанд.
XS
SM
MD
LG