Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз дар Вена музокироти ожонси СММ бо Эрон оғоз мешавад


Имрӯз дар Вена музокироти Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаии вобаста ба СММ роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон оғоз мешавад.

Ин музокирот дар ҳоле шуруъ мешавад, ки тибқи гузоришҳои ахири ин ожонс, Эрон гуфтааст, ки дар таъсисоти зерзаминии ҳастаии худ дар Фурдов сентрифугҳои бештарро фаъол хоҳад кард.

Дирӯз Фаридун Аббос Дованӣ-мақоми баландпояи ниҳоди энержии Эрон гуфт, ки бо вуҷуди таҳримҳои шадиди иқтисодӣ аз тарафи СММ кишвараш дар бахши атомӣ пешрафтҳо ба даст овардааст.
XS
SM
MD
LG