Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Президенти Туркманистон аз Арманистон боздид мекунад


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Имрӯз Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон барои боздиди дурӯза вориди Ереван-пойтахти Арманистон мешавад.

Дар ҷараёни ин боздид музокироти вай бо Серж Саркисян-раиси ҷумҳури Арманистон ва соири мақомоти баландпояи ин кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Мақомти расмӣ мегӯянд, чунин ба назар мерасад, ки дар музокирот масъалаҳои тиҷорат ва энержӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор мегирад ва ҷонибҳо дар поёни музокирот чанд қарордод имзо мекунанд.

Масъалаи аслӣ пешниҳоди Туркманистон ба Арманистон дар бораи таъмини барқ аст. Туркманистон мехоҳад аз тариқи шабакаҳои барқрасонии Эрон ба Арманистон барқ диҳад. Ин масъала бори аввал дар соли 2010 матраҳ шуда буд.
XS
SM
MD
LG