Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз барои мақоми ҳуқуқии Фаластин дар МУ СММ рай медиҳанд


Интизор меравад, ки имрӯз дар Маҷмаи Умумии СММ роҷеъ ба мақоми ҳуқуқии Фаластин райдиҳӣ сурат бигирад. Бисёре аз кишварҳо дар остонаи ин райдиҳӣ мавзеъгирии худро аз ҳоло эълон кардаанд.

Масалан, Амрико ва Исроил мегӯянд, ки онҳо бар зидди гузаронидани ҳуқуқи Фаластин аз кишвари “нозир” ба кишвари “ғайри узв” рай хоҳанд дод.

Стеффен Сейберт-сухангӯи Ангела Меркел-нахуствазири Олмон низ гуҳфтааст, ки кишвараш бар зидди мақоми Фаластин рай медиҳад. Виллиам Ҳейг-вазири корҳои хориҷаи Британия гуфтааст, ки кишвараш аз райдиҳӣ худдорӣ мекунад.

Аммо Фаронсаву Испания, Данияву Норвегия ва Туркияву Шветсария гуфтаанд, ки аз Фаластин ҷонибдорӣ хоҳанд кард. Руссияву Чин низ ишора кардаанд, ки ба ҷонибдорӣ аз Фаластин ба унвони кишвари “ғайри узв” рай медиҳанд.
XS
SM
MD
LG