Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз Обама ва Ромнӣ дар Кохи Сафед мулоқот мекунанд


Обама ва Ромнӣ дар рӯзҳои маъракаи интихоботӣ

Обама ва Ромнӣ дар рӯзҳои маъракаи интихоботӣ

Имрӯз Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар Кохи Сафед рақиби интихоботии худ Митт Ромниро ба ҳузур мепазирад. Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико, ки 6 ноябр баргузор шуд, Обама бар рақиби худ аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ пирӯзии чашмгир ба даст овард ва ба даври дуввуми раёсаташ роҳ ёфт.

Баъд аз пирӯзӣ Обама зимни суханонаш қавл дод, ки дар фаъолиятҳои худ бо ҷумҳурихоҳон, ки дар Маҷлиси Намояндагони Конгресси Амрико аксариятро дар ихтиёр доранд, зуд-зуд машаварат хоҳад орост.

Интизор меравад, ки дар мулоқот бо Ромнӣ, ки шахсияти бонуфуз дар миёни ҷумҳурихоҳон ба шумор меравад, масъалаҳои иқтисодӣ баррасӣ шавад.

Пешгӯӣ мешавад, ки баъд аз соли нав ба иқтисоди Амрико марҳалаи заъф таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG