Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон киштиҳои нави худро барои нируҳои дарёиаш ошкор кард. Мақомоти нируҳои дарёӣ рӯзи чаҳоршанбе киштии ҷангии “Сино-7”-ро муаррифӣ карданд, ки дар обҳои бандари Аббос дар наздикии пойгоҳи дарёии Эрон дар гулӯгоҳи Ҳурмуз ба шино оғоз кард.

“Сино-7” бо мушакҳои зидди киштӣ муҷаҳҳаз аст ва дар Эрон сохта шудааст.
Эрон рӯзи чаҳоршанбе ҳамчунин ду киштии зериобии худро бо номи “Қодир" муаррифӣ кард. Ин киштиҳо ҳамзамон ҳам мушак ва ҳам торпедо парронда метавонанд.

Телевизиони давлатии Эрон аз номи дарёсолор Ҳабибуллоҳ Сайёрӣ гуфт, Эрон бояд бо навтарин таҷҳизот муҷаҳҳаз шавад то марзҳои худро дифоъ карда тавонад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG