Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шахси огаҳ аз куштори Магнитский ғайричашмдошт даргузашт


Бино ба гузоришҳо, як соҳибкори Руссия, ки ба додситонҳои Шветсия кӯмак мерасонд, то онҳо шеваҳои шустушӯи пулро таҳқиқ кунанд, даргузшатааст.

Дар гузоришҳои рӯзи чаҳоршанбе омадааст, Александр Перепеличний соҳбкори 44 солаи рус аз ҷумлаи шахсони сарватманд будааст ва се сол пеш дар Британия калисое харидааст. Тибқи гузориш, вай “ду ҳафта пеш рӯзи шанбе дар наздикии хонаи худ дар шаҳри Вейбриҷ, дар ҳаволии Лондон ҷон додааст”.

Сухангӯи пулис, ки аз худ ном набурдааст, ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки баъд аз марг ҷасади Перепеличнийро барои таҳқиқ боз кардаанд, вале то ҳол натиҷаҳои ниҳоӣ ба даст наомадааст.

Виллям Бровдер-соҳибкори Лондон дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ таъйид кард, ки Перепеличний бар зидди шабакае, ки дар куштори Сергей Магнитский-вакили мудофеъ даст дорад, далелҳо фароҳам меовард.

Магнитский соли 2009 қабл аз мурофиаи додгоҳӣ дар боздоштгоҳ даргузашта буд. Вай мегуфт, ки мақомоти баландпояи Русия 230 миллион доллари ҳукуматро бо роҳҳои фиреб моли худ кардаанд
XS
SM
MD
LG