Пайвандҳои дастрасӣ

Мурофиаи марги Шодиев аз сар гирифта шуд


Акси Б.Шодиев дар бемористон

Акси Б.Шодиев дар бемористон

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе имрӯз муҳокимаи парвандаи марги сокини 28-солаи пойтахт Баҳромиддин Шодиевро аз сар гирифт. Ношири ин хабар - “Азия Плюс”- навишт, ин парванда 9 моҳ боз дар тафтишоти иловагӣ қарор дошт. Шодиев моҳи октябри соли 2011 баъди боздошташ аз сӯи пулиси Шоҳмансур даргузашт. Мақомоти пулис мегӯянд, ки ӯ худро аз қабати дувуми бинои пулис ҳаво дод. Вале ба ақидаи пайвандони Шодиев, ӯро дар боздошт бо шиканҷа куштаанд. Марги Шодиев мавҷи интиқоди созмонҳои байналмилалиро ҳам ба бор овард. Дар пай 3 афсари пулиси Шоҳмансурро барканор карданд, вале имрӯз ба додгоҳ танҳо муфаттиши собиқ Абдураҳмон Додов, ки ба хунукназарӣ айбдор мешавад, эҳзор шуд. Муҳокимаи ин парванда 3 декабр идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG