Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду гумонбари сарбурӣ дар Имомсоҳиб


Дар вилояти Қундузи Афғонистон дар робита ба парвандаи буридани сари як духтари 14-сола ду мардро дастгир кардаанд. Афсари пулиси маҳаллӣ Низомуддин Ҳакимӣ гуфт, ҷасади ин духтарро шоми сешанбе дар улусволии Имомсоҳиб ёфтаанд. Тафтишоти муқаддамотӣ ошкор кардааст, ки ин ду гумонбар ин духтарро аз волидонаш барои якеи онҳо хостгорӣ карда буданд, вале ҳам духтар ва ҳам волидонаш инро радд мекунанд. Моҳи гузашта як зани 20-соларо дар вилояти Ҳирот низ сар бурида буданд. Бино ба хабарҳо, ӯ талаби танфурӯширо радд кардааст. Бо гумони даст доштан дар он куштор 4 нафар, аз ҷумла шавҳари зан бо хешовандонаш, дастгир шудаанд.
XS
SM
MD
LG