Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кетрин Эштон имрӯз вориди Узбакистон шуд


Эштон бо аҳли нишасти вузарони хориҷаи Осиёи Марказӣ дар Бишкек.

Эштон бо аҳли нишасти вузарони хориҷаи Осиёи Марказӣ дар Бишкек.

Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон имрӯз аз Бишкек вориди Тошканд шуд. Узбакистон нуқтаи дувуми силсиласафари хонум Эштон ба Осиёи Марказист. Ӯ дар пойтахти Қирғизистон бо вазирон ва муовинони вазирони хориҷаи 5 кишвари минтақа масоили амният ва энержиро баррасӣ кард. Эштон гуфт, хостори тавсиаи ҳамкориҳои энерживу тиҷории Осиёи Марказӣ бо Аврупост. Таъсири хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон дар соли 2014 ва ихтилофи Узбакистону Қирғизистон ва Тоҷикистон дар масъалаи об аз мавзӯъҳои дигари музокироти Эштон будааст. Ӯ ҳамин тавр, масоили озодии Интернет, нақши занон ва рушди низомҳои парлумонӣ дар ин минтақаи таҳти султаи раҳбарони тундрави шӯравимаобро низ баррасӣ кардааст.Эштон фардо аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG