Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати дастикам 34 кас дар Ҷармоно


Ба гуфтаи фаъолон ва матбуоти давлатии Сурия, дар ду таркиш дар канори Димишқ дастикам 34 тан кушта шуданд. Хабаргузории давлатии САНО гуфт, ҳамлаҳо дар минтақаи Ҷармоно дар шарқи пойтахтро “террористҳо” анҷом додаанд. Рӯзҳои охир дар атрофи Димишқ даргириҳои пароканда давом дорад. Бино ба хабарҳо, шибҳанизомиҳои тарафдори давлат ба хотири дифоъи минтақа аз чирикиҳо дар Ҷармоно, ки аксари аҳолиашро масеҳиёну дурзиҳо ташкил медиҳанд, нирӯҳои мусаллаҳро мустақар карданд. Моҳи гузашта дар як бомбгузорӣ дар Ҷармоно 11 кас ҷон бохта буд. Ба ҳисоби фаъолон, тайи 20 моҳи ошӯбҳо алайҳи режими Башор Асад дар Сурия беш аз 40 000 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG