Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости Афви байналмилалӣ аз Туркманистон


Борис Шайхмуродов (Акс аз бойгонӣ)

Борис Шайхмуродов (Акс аз бойгонӣ)

Афви байналмилалӣ дар солгарди 10-уми сӯъиқасди ноком ба ҷони раисиҷумҳури вақти Туркманистон Сафармурод Ниёзов аз Ишқобод хост, то макони будубоши афроди маҳкумшуда дар иртикоби ин қазияро маълум кунад. Корвони мошинҳои Ниёзов 25 ноябри соли 2002 дар Ишқобод ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Ӯ осебе надид, вале ин ин сӯъиқасд ба мавҷи нави таъқиб дар кишвар оғоз гузошт. Дар ду моҳи баъд дар мурофиаҳои, ба бовари Афви байналмилалӣ, «ғайриодилона» дастикам 59 нафар аз 5 сол то ба ҳабси умрбод маҳкум шуданд. Аз ҷумла ду вазири собиқи хориҷаи Туркманистон Борис Шайхмуродов ва Ботир Бердиев мутаносибан ҳукми умрбод ва 25 соли зиндон гирифтанд. Бародари Шайхмуродов Константин барои 17 сол маҳкум шуд.
Афви байналмилалӣ менависад, мақомоти туркман алорағми дархости мукаррари пайвандони маҳкумон ва созмонҳои байналмилалӣ маҳалли боздошти онҳоро ифшо намекунанд ва дар бораи вазъашон маълумоте намедиҳанд.
Сафармурод Ниёзов худ соли 2006 даргузашт.
XS
SM
MD
LG