Пайвандҳои дастрасӣ

71%-и русҳо муҳоҷиронро бад мебинанд


Теъдоди мухолифони муҳоҷирати кории хориҷиҳо дар қаламрави Русия рӯ ба афзоиш аст, навиштааст “Левада” маркази омӯзиши афкори умуми ин кишвар. Ин марказ дар як назарсанҷӣ муайян кардааст, ки 71 дарсади шаҳрвандони Русия афзоиши танишҳои ҷиноӣ дар қаламрави Русияро ба ҳузури муҳоҷирони корӣ марбут кардаанд. Танҳо 8 дар сади аҳолӣ ин ақидаро ғалат шумурданд.
Коршиносон бархурди русҳо ба муҳоҷирони омадаро мантиқи унвон кардаанд ва гуфтаанд, русҳо ба ин гурӯҳ ва фарҳанги онҳо бо шубҳа менигаранд ва онҳоро барои суннатҳои худ таҳдид мешуморанд.
65 дарсади пурсидашудаҳо аз кам кардани теъдоди муҳоҷирони корӣ дар Русия пуштибонӣ карданд ва танҳо 7 дарсад гуфтаанд, ки ба афзоиши муҳоҷирон мухолифат надоранд. 35 дарсади ширкаткунандагони назарсанҷӣ мухолифи ҳуқуқи баробари муҳоҷирони қонунӣ бо мардуми бумӣ шуданд. Аммо 34 дарсади дигар ин ақидаро ғалат хонаданд ва гуфтанд, ки муҳоҷирони қонунӣ бояд аз ҳуқуқи баробар бо шаҳрвандони Русия бархӯрдор бошанд.
Ин назарсанҷӣ мегӯяд, шумори нафароне, ки муҳоҷирони кориро сабабгори афзоиши бекории мардуми бумӣ унвон кардаанд, бештар шудааст. 67 дар сад ҷонибдори ин ақида будаанд.
Аз назарсанҷии Левада бармеояд, ки аксар шаҳрвандони ин кишвар (73%) мехоҳанд, ки ҳукумат дар баробари муҳоҷирони омада тадобири ҷиддӣ андешад. Ин дар ҳолест, ки рӯзи сешанбеи гузашта нахуствазири Русия Дмитрий Медведев тарҳи ҳафтсолаи “Мусоидат ба шуғли аҳолӣ”-ро тасвиб кард, ки 635 миллиард рубл арзиш ва вуруди теъдоди бештари муҳоҷирони кориро дар назар дорад.
XS
SM
MD
LG