Пайвандҳои дастрасӣ

Кобулбонк 900 миллионро ба хориҷ бурдааст


Таҳқиқи мустақили моҷарои Кобулбонк ҳокист, ки ин бонки афғонӣ дар тақаллубе дахолат дошт, ки дар натиҷааш қариб 900 миллион долларро ба хориҷи Афғонистон интиқол додаанд. Ин бозрасиро кумакрасонҳои байналмилалӣ таъмини молӣ карданд. Гузориш нишон медиҳад, ки чигуна пулҳо аз тариқи қарзҳои қалбакӣ ба ҳисобҳои бонкии масъулони Кобулбонку дӯстону пайвандони онҳо дар беш аз 20 кишвар мерехтанд. Расвоии Кобулбонк дар соли 2010 ва барномаи наҷоти он ба 5 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Афғонистон баробар шуда буд. Гузориш мегӯяд, аксарияти кулли қарзҳои бонк насиби ҳамагӣ 19 нафару ширкат шудааст. Дар байни афроди фоидабурда аз муомилоти Кобулбонк бародари раисиҷумҳур Ҳомиди Карзайро ҳам ном мебаранд. Вале Маҳмуди Карзай инро радд мекунад. Гузориш бар хилофи тардиди додситонӣ дар бораи дахолати сутуҳи олии сиёсӣ ба ҷараёни тафтишот хабар медиҳад.
XS
SM
MD
LG