Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оғози машқҳои нирӯҳои зиддиҳавоии СНГ дар Маскав


Имрӯз дар вилояти Маскав тамрини ситодии Шабакаи муттаҳидаи дифоъи зиддиҳавоии кишварҳои ҳамсӯд(СНГ) оғоз ёфт. Дар ин тамрин тақрибан 9000 сарбозу афсар аз 8 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон ширкат мекунанд. Сухангӯи нирӯҳои дифоъи ҳавоиву кайҳонии Русия гуфтааст, барои ширкат дар машқи Маскав ҳудуди 100 ҳавопаймову чархбол низ басиҷ шудаанд. Шабакаи муттаҳидаи дифоъи зиддиҳавоии СНГ соли 1995 таъсис ёфтааст. СНГ соли 1991 дар пайи пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфта, дар ҳоли ҳозир 11 кишвари пасошӯравиро дар меҳвари Маскав муттаҳид мекунад.
XS
SM
MD
LG