Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Тоҷикистон тарҳи Қонуни савдоро баҳс накард


Нишасти парлумони Тоҷикистон.
Нишасти парлумони Тоҷикистон.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон тарҳи қонуни «Савдо ва хизматрасонии маишӣ»-ро бинобар вуҷуди иштибоҳҳо дар банду фаслҳои он, аз феҳрасти масъалаҳои Иҷлосияии навбатии рӯзи 28-ноябр берун кард. Хабарнигори парлумонии «Озодӣ» мегӯяд, ки Шукурҷон Зуҳуров бо норозиятии ҷиддӣ иштибоҳҳои ин тарҳҳро шарҳ дод ва гуфт, ки муалифони он ҳатто ҳангоми тарҷума аз забони русӣ ба хатогиҳо роҳ додаанд, ки миёни фаслу бандҳои қонун норӯшаниҳои зиёд ҷой дорад. Тақрибан 30 хатогӣ дар матни ин тарҳ роҳ ёфтааст, ки аксари он иштибоҳҳои забонию мантиқӣ ва техникӣ будаанд, ки дар фаҳми асли матлаби он хонанда ба мушкил рӯ ба рӯ мешавад. Тарҳи мазкур аз тарафи муовини вазири иқтисод ва савдои берунаи Тоҷикистон Неъмат Буриев пешниҳод шудааст. Парлумон ба вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон машварат додааст, ки то ислоҳ намудани иштибоҳҳо ва рӯшан кардани матлаби тарҳ, аз пешниҳоди он ба Маҷлиси Намояндагон худдорӣ намояд. Шукурҷон Зуҳуров аз намояндаи президенти Тоҷикистон дар парлумон Ҷумъа Давлатов хоҳиш кардааст, ки ба вазоратхонаҳо ва ниҳодҳои масъули кишвар бирасонад, ки дар навиштану пешниҳоди тарҳҳои қонун ба саҳлангориҳо роҳ надиҳанд. Тавре вакилони Маҷлиси Намояндагон ба хабарнигорон гуфтаанд, ин бори нахуст аст, ки як тарҳи қонуни пешниҳодӣ аз тарафи вазорати кишвар, баргардонида мешавад.
XS
SM
MD
LG