Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарпӯши қисмати аввали реактори Чернобил бардошта шуд


Корҳо ҳангоми бардоштани сарпӯши реактори Чернобил
Корҳо ҳангоми бардоштани сарпӯши реактори Чернобил
Коргарон дар ниругоҳи ҳастаии Чернобили Украина қисмати аввали сарпӯши реактори таркидаро бардоштанд. Ин ниругоҳ моҳи апрели соли 1986 мунфаҷир шуда буд.

Бонки Рушу Бозсозии Аврупо раҳбарии ин тарҳро бар ӯҳда дорад ва ин корро чун қадами аввал барои поксозии боқимондаҳои моддаи ҳастаӣ дар реактор арзёбӣ кард. Таркиши ин реактор бадтарин фоҷеаи ҳастаӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Поксозии реактор соли 2015 ба поён мерасад. Паҳнои ин реактор 257 метр ва баландии он 110 метрро ташкил медиҳад. Онвақ реактори 4 низ осеб дида буд.

Баъд аз ин фоҷеа билофосила барои ин реастор сарпӯше бунёд карданд, то ташаъшуъ муҳити атрофро олуда накунад.

Дар ин фоҷеа 31 нафар ба ҳалокат расиданд. Вале баъд аз он аз таъсири ташаъшуъ афроди зиёде аз бемориҳои саратон ва амсоли он ҷон доданд.
XS
SM
MD
LG