Пайвандҳои дастрасӣ

СММ дар қатъномае барои шиканҷа аз Эрон интиқод кард


Кумитаи СММ аз идомаи шиканҷа, муҷозоти эъдом ва таъқиби пайвастаи ҳомиёни ҳуқуқи башар дар Эрон амиқан изҳори нигаронӣ кард.

Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар қатъномаи худ аз ҳукумати Эрон даъват кардааст, ки ба нақзи ҳуқуқ дар Эрон хотима диҳанд ва ҳамаи онҳоеро, ки барои дифоъ аз ҳуқуқ дар тазоҳуроти сулҳомез ширкат ҷустаанд, аз зиндонҳо раҳо созанд.

Дар қатънома ҳамчунин аз маҳдудиятҳое, ки барои номзадҳои интихоботи порламонии соли 2012 пеш омада буд, изҳори нигаронӣ шудааст.

Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ба таври ҷиддӣ хостааст, ки ҳукумат дар интихоботи расёсати ҷумҳурӣ, ки соли 2013 баргузор мешавад, шаффофияту адолатро таъмин кунад, то интихобкунандагон озодона иродаи сисёсии худро ифода кунанд.
XS
SM
MD
LG