Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз Кэтрин Эштон аз Узбакистон боздид мекунад


Кэтрин Эштон бо Эрлан Абдилдаев дар Бишкек
Кэтрин Эштон бо Эрлан Абдилдаев дар Бишкек
Боздиди Кетрин Эштон-раиси сёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо аз Осиёи Марказӣ идома дорад. Вай имрӯз дар идомаи сафараш ба Осиёи Марказӣ аз Узбакистон боздид мекунад.

Дирӯз Кэтрин Эштон аз Қирғизистон боздид ва дар Бишкек бо Эрлан Абдилдаев-вазири корҳои хориҷаи ин кишвар мулоқот кард.

Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ ҳамкориҳои Иттиҳодияи Аврупо бо Қирғизистон густариш ёфтааст ва гардиши коло ба 433 миллион доллар расидааст.

Дирӯз дар ҳузури хонум Эштон дар Бишкек мулоқоти вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ низ баргузор шуд.

Баъд аз Узбакистон раиси сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо рӯзи панҷшанбе аз Тоҷикистон ва рӯзи ҷумъа аз Қазоқистон боздид хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG