Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳуроти зидди Муҳаммад Мурсӣ дар Миср


Майдони Таҳрири Қоҳира

Майдони Таҳрири Қоҳира

Дар майдони Таҳрири Қоҳира-пойтахти Миср рӯзи сешанбе даҳҳо ҳазор нафар эътирозгарон гирдиҳам омаданд ва аз Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳури исломгарои кишварашон талаб намуданд, ки фармони худро дар бораи тавсеаи салоҳиятҳояш лағв кунад.

Баъд аз он, ки пулис ба сӯи ҷавонони сангандоз гази ашковар партофт, кашмакаш бархост. Дар майдон аз танаффуси гази ашковар як тазоҳургари 52 сола ҷон дод.

Ин дуввумин қурбонӣ аз ҳафтаи гузашта то ба ҳол мебошад. Ҳафтаи гузашта Мурсӣ фармони худро содир кард ва бар зидди вай тазоҳуроти эътрозӣ оғоз шуд.

Тазоҳуроти эътирозӣ ҳамчунин дар шаҳрҳои Искандария, Суетс, Миния ва дар гулӯгоҳи Нил рух дод. Дар яке аз қисматҳои Қоҳира, ки Маҳалла ном дорад, миёни ҷонибдорон ва мухолифони Муҳаммад Мурсӣ задухурд ба амал омад.
XS
SM
MD
LG